Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири Дафтари корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

29.01.2022 09:02

27 январи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ бо Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод Лорд Ториқ Аҳмад мулоқот анҷом дод.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд.

Тарафҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ ибрози назар карданд.

Вазир Лорд Ториқ Аҳмад дар фаъолияти минбаъдаи Рухшона Эмомалӣ ба ҳайси Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир комёбиҳо орзу намуд.

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим