31 январи 2022 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар ва масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо аҳаммияти тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангиву гардишгарӣ, ҳамкории байнипарлумониро таъкид карданд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба Иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар таърихи 22-23 марти 2022 дар Исломобод баргузор мегардад, табодули назар карданд.
Ҳамзамон вазирони корҳои хориҷӣ зимни суҳбат нақшаю чорабиниҳоро роҷеъ ба 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, ки 6 июн 2022 ҷашн гирифта мешавад, зикр карданд.