1 феврали соли 2022 вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Президенти бо Президенти Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Туркия (KOSGEB) Ҳасан Басри Курт баргузор гардид.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, алалхусус ташкили Фонди муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Туркия барои маблағгузории лоиҳаҳои ширкатҳои хурду миёнаи ду кишвар дар Тоҷикистон, ибрози назар намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (21 декабри соли 2022) бинобар саҳми бузурги соҳаи саноат дар рушди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати таъмини иҷроиши ҳадафҳои стратегии миллӣ, бахусус раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи Ёддошти тафҳоуми оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KOSGEB, ки дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо шудааст, Нақшаи амал таҳия менамоянд ва корбариро дар самти бунёди Фонди муштараки сармоягузорӣ тақвият мебахшанд.