1 феврали соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), Баҳодур Шарифӣ бо муовини Вазири энергетика ва инфрасохтори АМА Шариф ал-Улама баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, иштироки фаъолонаи ширкатҳои сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва инфрасохторӣ дар Тоҷикистон, инчунин иштироки намояндагони баландпояи АМА дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баррасӣ гардид.