8 феврали 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия Ненси Шукрӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳ ва дурнамои ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистон ва Малайзия дар бахшҳои фарҳангу сайёҳӣ баррасӣ карданд.
Аҳаммияти талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар давраи пас аз пандемия, аз ҷумла баррасии имконияти баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ, рӯзҳои синамо, роҳандозии ҳамкориҳо миёни китобхонаҳои миллии ду кишвар ва чорабиниҳои марбут ба сайёҳӣ таъкид шуд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ба нафъи ҳарду кишвар изҳор намуданд.