Мулоқот бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия

16.02.2022 10:45

9 феврали 2022 мулоқти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия Муҳаммад Шаҳрул Икром Ёқуб баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвони Сарвазири Малайзия ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки 6-9 июни 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тақдим намуд.

Илова бар ин, зимни мулоқоти мазкур ҷонибҳо дурнамои тавсеа ва густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Малайзияро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки сафарҳои сатҳи олӣ дар таҳкими равобити ду кишвар нақши калидӣ хоҳад бозид.

Ҳамсуҳбатон роҷеъ ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатии Тоҷикистону Малайзия, ки соли ҷорӣ таҷлил мегардад, мубодилаи афкор намуданд. Дар фарҷоми мулоқот ҳарду ҷониб омодагии худро барои рушди ҳамкориҳо дар заминаи судманд изҳор намуда, аҳаммияти талошҳои муштаракро барои таҳкими ҳамкориҳо дар оянда таъкид доштанд.

1111H-E-Ardasher-Qodiri-and-Secretary-general-MFA-Malaysia.jpeg

2222-Ardasher-Qodiri-and-Secretary-general-MFA-Malaysia.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим