ФОРУМИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ

04.03.2022 14:26

3 марти соли 2022 дар ш.Истанбул бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия Форуми cайёҳии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.

Қисми расмии Форум бо сухани ифтитоҳии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Надир Алпаслан, ва Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе Эмре Зеки Карагёл оғоз гардид.

Дар ҳошияи чорабинии зикршуда 12 ширкатҳои тоҷикию туркӣ «Намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия»-ро ташкил намуданд.

Инчунин, тибқи барномаи Форуми мазкур вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “B2B” ва бо мақомотҳои дахлдори ҷонибҳо дар формати “B2G” ташкил гардида, ба ширкатҳо имкон пайдо шуд, ки санадҳои ҳамкорӣ ба имзо раcонанд.

Дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои соҳаҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия дар шакли ҳузурӣ ва беш аз 150 нафари дигар дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд. Дар баробари ин, дар кори Форум коршиносону масъулини соҳаи туризм аз ду кишвар бо пешниҳоди рӯнамо ва наворҳои ҷолиб вобаста ба табиати нодир ва дигар имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия ибрози назар намуданд.

WhatsApp-Image-2022-03-03-at-15-45-59-1.jpeg

WhatsApp-Image-2022-03-03-at-15-11-38.jpeg

WhatsApp-Image-2022-03-03-at-15-26-52.jpeg

WhatsApp-Image-2022-03-03-at-15-46-02.jpeg

Нигористон

Тақвим