3 марти соли 2022 дар ҳошияи Форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Надир Алпаслан баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба имконияти тақвияту ташвиқи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу сайёҳӣ ибрози назар намуда, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ анҷуману нишастҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла ҳузурию маҷозиро ҷиҳати муаррифии тамаддуну фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия, пайваста ташкил менамоянд.