Вохӯрии Сафир бо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия ва донишҷӯён дар шаҳри Истанбул

05.03.2022 10:54

3 марти соли 2022 дар шаҳри Истанбул вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия ва донишҷӯён доир гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳамзамон раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ ва муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Камолиддин ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ба донишҷӯён ва баррасии масъалаи таҳсили шаҳрвандон, инчунин будубоши онҳо дар хориҷи кишвар ба таври ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, сиёсати роҳбарияти кишвар дар самти дастгирии ҷавонон, хатару таҳдидҳои ташкилотҳои ифротию террористӣ ба мафкураи ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрам муҳокима гардиданд.

Вохӯрии мазкур ҷиҳати тақвияти робитаи дӯстӣ байни шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия мусоидат намуда, ҳамкориҳояшонро бо намояндагӣ таҳким мебахшад.

IMG-20220305-WA0003.jpg

IMG-20220305-WA0001.jpg

IMG-20220305-WA0002.jpg

Нигористон

Тақвим