1 марти соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов вохӯрӣ намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба изҳори назар намуда, таҳкими равобит дар соҳаи маориф, табодули таҷрибаи пешқадам ва рақамикунонӣ дар низоми таҳсилотро баррасӣ карданд.