Вохурии Сафир бо Ноиби Президенти Ziraat Bank-и Туркия

09.03.2022 12:00

7 марти соли 2022 дар шаҳри Истанбул дар бинои бонки давлатии тиҷоратии Ziraat Bank-и Туркия вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Ноиби Президенти бонки мазкур Юксел Ҷесур баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вазъи иқтисодиёт ва таконҳои ҷиддии бозори молиявии ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба паст кардани шиддати таъсири манфии он ба низоми бонкии кишварҳо ибрози назар намуданд.

Дар вохурии мазкур инчунин, имкониятҳои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи бонкдорӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ташкили чорабиниҳои муштаракро ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои соҳаи бонкдории Тоҷикистону Туркия муҳим арзёбӣ намуданд.

09,03,2022.jpg

 

Нигористон

Тақвим