Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса самимона табрику таҳният мегӯям.
Густариши бомароми муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямонро, ки тӯли ин солҳо ҷанбаҳои наву созанда касб намуданд, боиси қаноатмандӣ медонем.
Тавсеаи минбаъда ва инкишофи рӯзафзуни муносибатҳои ҳамкорӣ бо Фаронса яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мо ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати рушду нумӯи ҳарчи бештари онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн саъю кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳем.
Итминон дорем, ки бо саъю талошҳои муштараки мо дар роҳи ба пояҳои баландтар баровардани ҳамкориҳо дар бахшҳои созгор ба манфиати мардумони ду кишвар натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Фаронса амну субот, саодат ва пешрафту шукуфоӣ орзмандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар ин рӯзҳо, ки Фаронса ва Тоҷикистон аз 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатиашон истиқбол менамоянд, ман аз фаъол гардидани мубодилаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ин сол, аз ҷумла ба шарофати сафари Шумо дар моҳи октябр ба Париж изҳори хушнудӣ менамоям.
Намоишгоҳи “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки мо дар моҳи октябр дар Осорхонаи санъатҳои осиёии Гимеи Париж муштаракан ифтитоҳ намудем ва муваффақияти азимро соҳиб гардид, аз кори бисёрсолаи ду ҳайати археологии фаронсавӣ ба Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ниҳоят хуби миёни Фаронса ва Тоҷикистон дар ин соҳа дарак медиҳад.
Ман мехоҳам, ки ба ҳамкориҳои муштаракамон дар ҳама соҳаҳое, ки замони сафари Шумо ба Париж мушаххасс сохта будем, идома диҳем. Бахусус шодам, ки муносибатҳои нави шарикӣ дар соҳаи ҳамкориҳои донишгоҳӣ, дар мисоли созишномае, ки ба наздикӣ миёни Донишгоҳи миллии забонҳои Шарқ ва фарҳанг ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистони шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барқарор карда шудаанд.
Дар ҳоле ки мо ба 30 соли гузашта менигарем, ман мехостам бори дигар ба кишвари Шумо барои вогузории пойгоҳ ба қисми фаронсавии ҳарбӣ-ҳавоӣ дар шаҳри Душанбе дар давраи аз соли 2001 то соли 2014 миннатдории Фаронсаро иброз намоям. Дар баробари ин, бар асоси уҳдадориҳои гирифтаи худ, Фаронса Тоҷикистонро дар самти интиқолоти ҳавоӣ дастгирӣ намуд. Боиси хушҳолии ман аст, то эълон намоям, ки Парлумони Фаронса Созишномаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки мо соли 2019 дар Париж ба имзо расонида будем, ба таъйид расонид.
Хостори он ҳастам, ки мо ба муколамаи стратегӣ оид ба вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ки қаблан оғоз бахшида будем, идома диҳем. Шиддат дар сарҳадот нигаронии минтақаро ба бор овардааст. Фаронса суботи минтақавиро дар Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим медонад. Мо омодаем бо тамоми шарикони худ гуфтушунид анҷом диҳем ва ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва САҲА таҳким бахшем.
Лутфан, ҷаноби Президент, эҳтиромоти амиқи маро бипазиред».
http://prezident.tj/node/27890