Вохурӣ бо Роҳбари Мақомоти миллии АМА оид ба ҳуқуқи инсон

12.03.2022 11:07

11 марти соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар АМА, Баҳодур Шарифӣ бо Роҳбари Мақомоти миллии АМА оид ба ҳуқуқи инсон, доктор Мақсуд Круз баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо таҳким ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳуқуқии ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин мавзӯи роҳандозии тамосҳои мустақим байни мақомоти ваколатдори ду кишвари бародар ва дӯст мавриди муҳокима ва ҷонибдорӣ қарор гирифт.

IMG-20220311-WA0031.jpg

 

Нигористон

Тақвим