Баргузории вебинар “Имкониятҳои ҳамкории ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар соҳаи саноат ва бахшҳои он”

18.03.2022 15:30

17 марти соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои ду кишвар вебинар дар мавзӯи “Имкониятҳои ҳамкории ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар соҳаи саноат ва бахшҳои он” бо иштироки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилотҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ва ҷалби беш аз 40 ширкати саноатии туркӣ  баргузор гардид.

Вебинар бо суханронии муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Билолзода, муовини Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Четин Алӣ Донмез, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл, раиси Палатаи савдои шаҳри Кония Селчук Озтурк, раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия назди Шурои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Ҷаҳонгир Саатчиоглу оғоз гардида, ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳо ва муҳимияти рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла зарурияти сафарбар намудани ҳайати тиҷоратии туркӣ ба мамлакат ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар заминаи иқтидори воқеии иқтисодиёт ва шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

WhatsApp-Image-2022-03-17-at-20-08-18.jpeg

WhatsApp-Image-2022-03-17-at-17-08-49-1.jpeg

Нигористон

Тақвим