22 марти соли 2022 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷаноби Аҳмад Алӣ ал-Сиёғ вохӯрӣ анҷом дод.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии байни ду кишвар баррасӣ гардиданд.