27 марти соли 2022 бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи футбол байни шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Барои иштирок дар мусобиқаи мазкур байни шаҳрвандон шаш даста ташкил карда шуд.
Қабл аз оғози мусобиқа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бо шаҳрвандон суҳбат намуд. Зимни суҳбат М. Саидзода шаҳрвандонро ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуда, роҷеъ ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол дар кишвари мо гуфт ва ба дастаҳои футболбозон муваффақият орзу намуд.